Соли 2015
| Солҳо |
|---|
| 2011 · 2012 · 2013 · 2014 — 2015 — 2016 · 2017 · 2018 · 2019 |
| Даҳаҳо |
| 1990-ум · 2000-ум — 2010-ум — 2020-ум · 2030-ум |
| Садаҳо |
| садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
Соли 2015 (ду ҳазору понздаҳум)-и тақвими григорӣ — соли маъмулӣ аст, ки аз рӯзи панҷшанбе оғоз мешавад. Ин соли 2015-и мелодӣ, соли 5-уми даҳаи юми асри 21.14-и ҳазораи 3.014, соли панҷуми солҳои 2015-ум аст.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Январ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар моҳи январи соли 2015 ба Википедиаи Тоҷикӣ (tg.wikipedia.org) 1 038 935 маротиба муштариёни Internet ворид шудаанд. Шумораи мақолаҳои тоҷикӣ ба 30 750 расид.[1]
- 23 январ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии худро пешниҳод намуд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, рушди саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои рушди кишвар барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлат муайян гардиданд.[2][3]
- 23 январ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад. Дар Паём ба зарурати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ва таҳкими пойдории оила таъкид гардид.[4][5]
- 3 феврал — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармони №352 «Дар бораи эълон намудани соли 2015 “Соли оила”»-ро ба имзо расонид. Ҳадафи ин иқдом таҳкими мақоми оила дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва танзими муносибатҳои оилавӣ буд.[6][7]
- 25 феврал — — Шӯрои директорони иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ барои марҳалаи дуюми барномаи «Central Asia Road Links» ҷудо намудани 45 миллион доллари ИМА-ро барои беҳтар намудани робитаҳои нақлиётии минтақавии Тоҷикистон тасдиқ намуд. Лоиҳа ба таҷдиди тақрибан 70 километр роҳҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, аз ҷумла самтҳои пайвасткунанда бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон, равона гардид.[8]
- 1 март — дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, дар интихобот 3 791 727 нафар ё 87,7 фоизи интихобкунандагон иштирок карданд.[9][10]
Тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) — 65,4 %, Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) — 11,7 %, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) — 7,5 %, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) — 5,5%-и раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯихати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро — 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) — 1,6 %, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) — 2,2 %, Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) — 1,7 % ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) — 0,5%-и интихобкунадагон овоз доданд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар - номзадҳои ҲХДТ, 2 нафар - номзади ҲАТ, 2 нафар - намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[11]
- 14 июни соли 2015 — Википедиаи Тоҷикӣ (tg.wikipedia.org)
- Шумораи мақолаҳо — зиёда аз 32 500
- Шумораи саҳифаҳо — зиёда аз 70 000
Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 85-ӯм қарор гирифта буд. [12]
- 23 август — гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи Бозиҳои ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин соҳиби ҷойизаи дуюм гардид. Ӯ ҳоло якумин аз варзишгарони тоҷикистониест, ки барои иштирок намудан дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-Дежанейрои Бразилия (соли 2016) роҳхат гирифтааст.[13]
- 24 август — Дар Панҷакент Президенти мамлакат Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон»ро ифтитоҳ намуд. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тилои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тилло дар як сол расонида мешавад.[14]
- 14 сентябр — дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро ба имзо расониданд. Ин санад заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мустаҳкам намуд.[15][16]
- 14 сентябр — зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон|Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расид. Санад заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳамкории дуҷонибаро мустаҳкам намуд.[17][18][19]
- 29 сентябр — Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Прокурори генералиро баррасӣ намуда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф карда, фаъолияти онро манъ намуд.[20]
18 октябр — дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳи автомобилгарди Айнӣ– Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Дарозии умумии роҳи навсозишуда 112,6 километр буда, корҳои асосӣ дар моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 анҷом ёфтанд. Ифтитоҳи роҳ яке аз лоиҳаҳои муҳими рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишвар арзёбӣ гардид.[21] [22]
- 9 декабр — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро бо қарори №257 қабул кард.[23]
- 18 декабр — Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро баррасӣ намуда, бо қарори №146 онро якдилона ҷонибдорӣ кард.[24][25]
- 25 декабр — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо рақами №1259 ҳамчун санади қонунгузорӣ ба расмият дароварда шуд. Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро муқаррар мекунад. [26]
• Соли 2015 — дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмонии навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 идома ёфтанд. Иқтидори навбати дуюм 300 МВт пешбинӣ шуда буд. Тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани он барои беҳтар намудани таъминоти барқ ва гармии пойтахт пешбинӣ гардида буд.[27] [28]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Соли 2015 дар Викианбор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Tajik Wikipedia at a glance January 2015. 25 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 октябри 2018.
- ↑ Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 Январ 2015).
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 №35(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (31 Январ 2015).
- ↑ Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 Январ 2015).
- ↑ Соли 2015 — Соли оила эълон гардид(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (23 Январ 2015).
- ↑ 2015 — соли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (Январ 2016).
- ↑ Бонкдорӣ дар Тоҷикистон, №3, 2015(тоҷ.). Бонки миллии Тоҷикистон. Бонки миллии Тоҷикистон (2015).
- ↑ World Bank Invests in Tajikistan’s Regional Transport Connectivity(англ.). World Bank. World Bank Group (25 February 2015).
- ↑ Кадом ҳизбҳо вориди Парлумон шуданд?(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (2 марти 2015).
- ↑ Tajikistan, Parliamentary Elections, 1 March 2015: Statement of Preliminary Findings and Conclusions(англ.). OSCE/ODIHR. Organization for Security and Co-operation in Europe (2 March 2015).
- ↑ КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард. 25 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 марти 2015.
- ↑ https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%92%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D0%BF%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D1%8F:%D0%A1%D0%BF%D0%B8%D1%81%D0%BE%D0%BA_%D0%92%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D0%BF%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D0%B9 Википедия: Список Википедий 14.06.2015]
- ↑ Дилшод Назаров получил медаль и $30 тыс. на чемпионате мира. 25 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2017.
- ↑ Ифтитоҳи Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон». 25 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
- ↑ Пресс-релиз роҷеъ ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2015(тоҷ.). Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).
- ↑ О ратификации Договора о стратегическом партнерстве между Республикой Казахстан и Республикой Таджикистан(рус.). Әділет. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон (31 октябри 2016).
- ↑ Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон(тоҷ.). Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- ↑ Муносибатҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон(тоҷ.). Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- ↑ 2015 — соли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (Январ 2016).
- ↑ ҲНИТ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ карда шуд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (29 сентябри 2015).
- ↑ Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар шаҳри Панҷакент ва мулоқот бо сокинон(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (18 октябри 2015).
- ↑ Открытие автодороги Айни-Пенджикент(рус.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (18 октябри 2015).
- ↑ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2015 №257 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат”»(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 Декабри 2015).
- ↑ Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2015 №146 «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат”»(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (18 Декабри 2015).
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (18 Декабри 2015).
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 №1259 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (25 Декабри 2015).
- ↑ Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 Январ 2015).
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).